9 августи соли 2010 зимни ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ масоили ғановати бозори истеъмолии пойтахт ва андешидани тадбирҳои воқеӣ оид ба коҳиш додани нархи маҳсулоти аввалия дар моҳи Шарифи Рамазон ва назорати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №474 аз 5 августи соли 2010 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе” аз ҷониби масъулин мавриди баррсӣ қарор гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадфҳои зикргардида, ки баҳри дастгирии сокинон роҳандозӣ шудааст, дастурҳои мушаххас ироа гардид.

