Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 140 солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт таъмиру таҷдид мегардад.
Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ соли 1978 бунёд гардида, устод С.Айнӣ се соли охири ҳаёти худро дар ҳамин манзил гузаронидааст.
Осорхонаи мазкур аз маконҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ихлосмандони эҷодиёти Сардафтари адабиёти муосири тоҷик буда, он ҷойи баргузории чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ низ гардидааст.
Бо гузашти солҳо ва ба миён омадани зарурати таҷдиду барқароркунӣ, корҳои таъмирӣ дар осорхона дар авҷ аст.
Тадбири мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни устод Садриддин Айнӣ дар ҷодаи илму адабиёти тоҷик амалӣ мегардад.
Бо мақсади ҳифзи намои аслиаш ҳангоми корҳои таъмирӣ дар осорхона, аз лиҳози меъморӣ тағйирот ворид карда намешавад.
Танҳо дар даромадгоҳи осорхона нимпайкараи Садриддин Айнӣ бунёд
Дар нақша аст, ки то таҷлили ҷашни Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ осорхонаи мазкур ҳамчун тӯҳфаи арзишманд, бо намои диққатҷалбкунанда мавриди истифода қарор дода мешавад.


