ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №115 аз 07.03.2013
Дар бораи боздоштани истеҳсоли қувваи барқ
ва интиқоли гармӣ ба муштариён аз Маркази
истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе
Муроҷиати Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» №47–34 аз 1 марти соли 2013-ро баррасӣ намуда, бо назардошти пешгўиҳои вазъи мусоид ва муътадили гармии ҳаво дар моҳи марти соли 2013 ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи истифодабарии технология, дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсоли қувваи гармӣ, таъмини истифодаи самараноки захираю маҳсулоти энергетикӣ дар пойтахт, сари вақт омода намудани Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Истеҳсоли қувваи барқ ва интиқоли гармӣ ба муштариён аз Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2013 қатъ карда шавад.
2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» (Ниёзов У.С.) қубурҳои магистралии интиқоли гармиро дар ҳолати нигоҳдошт (консерватсия) омода намояд.
3. Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе (Табаров А.А.) барои ба пуррагӣ холӣ намудани иншоот ва қубурҳои интиқолдиҳандаи гармӣ корҳои профилактикиро то 10 марти соли 2013 ба анҷом расонад.
4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.
М. УБАЙДУЛЛОЕВ

