Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 14 октябр то 16 ноябри соли 2013 озмун эълон менамояд.
Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро:
|
|
- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе; |
|
|
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4X6 ); |
|
|
- тарҷумаи ҳол; |
|
|
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; |
|
|
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ; |
|
|
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ; |
|
|
- нусхаи шиноснома; |
ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии рўзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар соҳаи чеварӣ, дўзандагӣ ва дизайн таҷрибаи корӣ доранд инчунин ба занҳо афзалият дода мешавад.
Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рўзона дошта бошад.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 16 ноябри соли 2013.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56, 221-35-68 муроҷиат намоянд.
Қарори раиси шаҲри Душанбе № 562 аз 10 октябри соли 2013
Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли
вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии
«Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1.Барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 14 октябр то 16 ноябри соли 2013 озмун эълон намуда, натиҷаи он на дертар аз 20 ноябри соли 2013 ҷамъбаст карда шавад.
2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.
М.УБАЙДУЛЛОЕВ

