Қарори раиси шаҲри Душанбе №592 аз 24.10.2013
Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили
Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ :
2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шаванд, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.
3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.
М. УБАЙДУЛЛОЕВ

