Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид
ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои
сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №461 аз 4 октябри соли 2013 «Дар бораи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2013-2014, омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе дар соли 2014», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ карда шавад.
2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани Қарори мазкур ва нақшаи чорабиниҳои зикргардида чораҳои мушаххас андешанд.
3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. Оев А.М. ва Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.
М. УБАЙДУЛЛОЕВ

