Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри
Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани мулоқоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни
мамлакат бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Бо мақсади омодагии шоиста ҷиҳати баргузории мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни мамлакат бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
1.Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни мамлакат бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣтасдиқ карда шавад.
2.Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани Қарори мазкур ва нақшаи чорабиниҳои зикргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.
3.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.
М. УБАЙДУЛЛОЕВ

