Қарори раиси шаҲри Душанбе №54 аз 30.01.2014
Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли
мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 2 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 659 аз 20 майи соли 2009 тасдиқ шудааст,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1.Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин дар
а) дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
· мудири шуъбаи саноат ва энергетика;
· сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
· сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ;
· сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;
· сармутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;
· сармутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ;
· мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;
· мутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ;
б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
дар шаҳри Душанбе:
· мудири шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
· мудири шуъба оид ба корҳои дин;
· мутахассиси шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
аз 6 феврал то 6 марти соли 2014 озмун эълон ва натиҷаи он на дертар аз 10 марти соли 2014 ҷамъбаст карда шавад.
2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.
М. УБАЙДУЛЛОЕВ
Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз 6 феврал то 6 марти соли 2014 озмун эълон менамояд.
а) дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:
· мудири шуъбаи саноат ва энергетика
· сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
· сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ;
· сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;
· сармутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;
· сармутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ;
· мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;
· мутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ;
б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе:
· мудири шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
· мудири шуъба оид ба корҳои дин;
· мутахассиси шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:
|
|
- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе; |
|
|
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4X6 ); |
|
|
- тарҷумаи ҳол; |
|
|
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; |
|
|
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад); |
|
|
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ; |
|
|
- нусхаи шиноснома. |
Ба довталабоне, ки то соли 1992 донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад.
Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 9 марти соли 2014
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Тел: 221-62-56, 221-35-68.

