Оид ба вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 бармеоянд
Бо мақсади татбиқи бемайлони иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зикр гардидаанд, мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
ҚАРОР МЕКУНАД:
2.Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳр иҷрои бемайлони Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар се моҳ ба унвони Раиси Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе ахбороти хаттӣ ирсол намоянд.
3.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.
4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузошта шавад.
М. УБАЙДУЛЛОЕВ

