23 апрели соли 2010 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад, ки дар матни хабари «Баҳри дастгирии соҳибкорӣ ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе» аз 15 апрели соли 2010 дар Сомонаи шаҳрдорӣ «www.dushanbe.tj» ба табърасида иншооти «Маркази дилхушии итолиявӣ ва хизматрасонии маиш, дар кӯчаи Шамсӣ дар масоҳати 0,10 (сифр аз сад даҳ) га», иншооти - «Маркази хушкашӯии итолиявӣ ва хизматрасонии маишӣ, дар кӯчаи Шамсӣ дар масоҳати 0,10 (сифр аз сад даҳ) га», хонда шавад.
Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе
Бо мақсади гузоштани заминаи мукаммал ҷиҳати вусъатбахшии рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт, фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди устувори соҳаи истеҳсолии пойтахт, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои истеъмолии рақобатпазир, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти хушсифат, таъмини шуғли аҳолӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва самараноки соҳаи коркарди пахта дар пойтахт
17 апрели соли 2010 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштирок дар расми ифтитоҳи нахустин Маркази ҷамъиятии се ошёна, ки дорои толори тӯйгузаронӣ, ошхона бо дӯкони хӯрокпазӣ, утоқҳои истироҳатӣ, машваратӣ, нозири минтақавии корҳои дохилӣ, шӯъбаи бонки амонатгузорӣ, бунгоҳи тиббӣ, Интернет-кафе, сартарошхона, таъмири соату пойафзол, кошонаи ҳусн ва дигар намуди хизматрасониҳо барои 200 ҷой буда, дар маҳаллаи «Равшангарон» - ғолиби озмуни «Маҳаллаи беҳтарини шаҳри Душанбе - соли 2008» аз ҳисоби буҷаи шаҳрӣ ба маблағи 1,8 млн.сомонӣ ба истифода дода шуд ва хатнасури кӯдакони камбизоату тӯйи арусию домодии як ҷуфти ҷавони маҳалла, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ ороста шудааст, ба чорабиниҳои таҷлили Рӯзи пойтахт ҳусни оғ оз бахшид.
Рушди меъморӣва ташкили шароитҳои мусоид ба иштироки соҳибкорон дар ин самт аз аввалиятҳои сиёсати шаҳрдорӣ буда, баҳри дастгирии ташаббусҳои онҳо иқдомоти пайваста амалӣкарда мешаванд.
Ба шарафи таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба истифодадиҳии як идда иншооти муҳиму таъиноти мухталифдоштаи ба нафъи сокинони пойтахт нигаронидашударо мутобиқ ба анъаноти созандагӣ армуѓони ҷашнӣ мегардонад.
Дар доираи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт барои мактабиён - хатмкунандагони фаъоли шаҳр 14 апрели соли 2010 як рӯйдоди фараҳбахш ба вуқуъ мепайвандад.
МУРОҶИАТНОМАИ
вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ба сокинони пойтахт
Сокинони азизи шаҳри Душанбе!
Мо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум, дар доираи ваколатҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муқаррар намудааст, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, бо изҳори сипосгузорӣаз интихобкунандагони худ дар иҷлосияи нахустин ироаи ҳамин Муроҷиатномаро ба кулли сокинони шаҳрамон зарур мешуморем.
Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати мувофиқ ба талаботи муосири хизматрасонӣ роҳандозӣнамудани фаъолияти иншооти таъиноти зебоию фароғатидоштаи моликияти коммуналӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Бо мақсади амалисозии ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба дастгирии оилаҳои камбизоат дар пойтахти кишвар аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай тариқи баргузории хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Рӯзҳои 19 ва 27 марти соли равон дар Маркази равобити пойтахт дар маҷмӯъ хатнасури 380 кӯдакони шаҳри Душанбе дар расми тантанавию бошукӯҳ доир карда шуд.

