10.10.2019, шаҳри Душанбе. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна, оғоз бахшиданд.
ш.Душанбе. 10.10.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини фард, оила ва ҷомеа” баргузор гардид.
Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025
Дар бораи баргузор намудани чорабинии «Пушидашавии мавсими мототсиклронӣ-2019»
Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе
ш.Душанбе. 08.10.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза" дар доираи "300 рӯзи ислоҳот оиди дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соли 2019" Конференсияи машваратӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ" доир гардид.
ш.Душанбе. 05.10.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурўъ аз 7-уми октябри соли 2019 хатсайри нави автобусии №37А «маҳаллаи Қаротегин-маҳаллаи Бунёдкорон» ба фаъолият оғоз менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади соддагардонии раванди пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бакияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, шурӯъ аз 7-уми октябри соли 2019 дар хатсайри автобусии №4 (Терминали «Шарқ-Транс»-ҶДММ «Маром») пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

