Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 September 2019

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни 28–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 September 2019

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум

10 September 2019

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020

9 September 2019

ш. Душанбе. 09.09.2019. Шоми 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.

9 September 2019

ш.Роғун. 09.09.2019. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

7 September 2019

ш.Душанбе. 07.09.2019.  Имрӯз бахшида ба  28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Бозори Меҳргон»-и пойтахт  бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди харбузаю тарбуз ва асал  доир гардид.   

7 September 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони пойтахт мерасонад, ки Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии( ККВД) «Автобус-1», «Автобус-2» ва  «Автобус-3» ронандагони дорои тахассуси «Д» ва собиқаи кории на кам аз 5 сол доштаро тариқи озмун ба кор қабул менамояд.

6 September 2019

ш.Душанбе. 06.08.2019. Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

5 September 2019

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии муассисаҳои тиббии пойтахт ва фаъолияти кормандони соҳаи тандурустии шаҳр сокинони пойтахтро даъват намуданд, ки оид ба камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа  мустақиман тавассути “Viber” ва “Whatsapp” бо телефони рақами 985-95-22-22 ва почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com ба Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. 

4 September 2019

ш. Душанбе. 04.09.2019.  Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар яке аз мавзъҳои зебоманзари пойтахт - кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшиданд. 

Саҳифаҳо: