Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 August 2019

ш. Душанбе. 30.08.2019. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии таълимӣ дар Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. 

30 August 2019

ш. Душанбе. 30.08.2019. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

30 August 2019

ш. Душанбе. 30.08.2019.  Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

30 August 2019

ш. Душанбе. 30.08.2019. Дар идомаи тадбирҳои босуръати ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе»-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

30 August 2019

ш.Душанбе. 30.08.2019.  Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди истифода қарор доданд.

30 August 2019

ш.Душанбе. 30.08.2019. Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94 ноҳияи Сино баъди таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шароити боз ҳам беҳтар ба тадрис машғул мегардаднд.

30 August 2019

ш.Душанбе. 30.08.2019. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он давоми се соли оянда бунёди 21 муассисаи таълимӣ бо 18594 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

27 August 2019

ш. Душанбе. 27.08.2019. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Заводи асфалту бетон”-ро ифтитоҳ карданд.

27 August 2019

ш. Душанбе. 27.08.2019.  Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.

27 August 2019

ш. Душанбе. 27.08.2019. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар арафаи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Теҳрон 21-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Коргоҳи «Зари тоҷик»-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Равшан»-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти гуногуни заргарӣ ва шароити кору фаъолияти заргарон дар он аз наздик шинос гардиданд.  

Саҳифаҳо: